КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ БАЧАГОНАИ ҶУМХУРИЯВИИ БА НОМИ МИРСАИД МИРШАКАР


Хуш омадед ба боргоҳи маърифат

Дар бораи мо

Маълумоти мухтасар


Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» бо Қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2000-ум, таҳти № 8/66 тасдиқ ва дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 18 декабри соли 2000-ум, таҳти феҳристи 21р-289 аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шуда буд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006-ум,таҳти № 604 аз нав ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Инчунин дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи чумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дорои Шаҳодатнома таҳти рақами мушаххас: 0310008985 гардида, (минбаъд МД КДБҶ) мувофиқи Карори Вазорати Фарҳанги ҶШС Тоҷикистон аз 23 январи соли 1974, таҳти рақами 21 таъсис ёфтааст ва бо Қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми феврали соли 2003, таҳти рақами 2/11 номи Мирсаид Миршакар гузошта шудааст.
Китобхона аз 23 январи соли 1974 то 27 ноябри соли 2012 дар ду толори ошёнаи сеюми китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи А. Лоҳутӣ дар хиёбони Н. Қаробоев, 50 ҷойгир шуда буд.
Дар асоси Фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 95-ф аз 16.08.2012, № 119-ф аз 05.10.2012, Супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон № 2 с/2-3 (34,2) аз 04.08.2012, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Точикистон № 3-17/2524 аз 31.07.2012 ва Фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон № 134 аз 06. 09. 2012 «Оид ба ҷойгир намудани баъзе ташкилоту муассисаҳо: - «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар», «Палатаи ҳисобии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», «Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Бойгонии нотариалии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ -Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон», Нашриёти «Адабиёти бачагона», «Ансамбли тарона ва рақсии Сомон» дар бинои собиқ Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ва ба тавозуни Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар додани бино ба тасвиб расидааст.
Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар фаъолияти худро аз 28-уми ноябри соли 2012 дар бинои собиқ Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ оғоз намудааст.
Тибқи Оинномаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» китобхона муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, хазинаи умумидавлатии нигоҳдории осори чопӣ ва сарчашмаҳои дигари иттилоотӣ барои бачагон ва наврасон, маркази коркард ва татбиқи усулу равишҳои нави хадамоти иттилоотӣ ва китобдорию библиографии бачагон ва наврасонро таъмин менамояд.
Китобхонаи мазкур маркази иттилоотӣ, методӣ, тадқиқотӣ барои китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ роҷеъ ба масоили созмондиҳии хадамоти иттилоотӣ, китобдорӣ-библиографӣ, муаммоҳои педагогӣ, психологӣ ва сотсиологии хониши бачагону наврасон ва расонидани ёрии методию амалӣ ба тамоми китобхонаҳои бачагона, муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ ва истироҳатгоҳҳои кӯдакону наврасон, инчунин дар таҳлили фаъолияти китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами онҳо саҳм мегузорад.

Китобхона дорои 3-шуъба мебошад.
1.Шуъбаи пурракунӣ ва коркардӣ адабиёт.
2.Шуъбаи хизматрасонӣ.
3.Шуъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотдиҳию-библиографӣ.
Дар китобхона 27 нафар корманд кору фаъолият менамоянд аз ин: бо маълумоти олии соҳа - 10 нафар, олии ғайри соҳа – 5 нафар, олии нопурра - 2 нафар, миёнаи махсуси соҳа-3 нафар, миёнаи махсуси ғайри соҳа - 3 нафар, миёнаи умумӣ - 4 нафар.
Ҳоло захираи китобии китобхонаро 102158 нусха китоб, аз ин 101765 нусха китобҳои чопӣ, 393 нусха аудиокассетаҳо, видеокассетаҳо, дискҳо, фитаҳо, ки аз он 137 нусха бо 98 номгӯй китобҳои таълимии электронӣ ва 52 нусха бо 34 номгӯй китобҳои «гӯё»-ро фаро гирифтааст.
Тамоми захираи китобии китобхона дар маҷмӯи феҳристу картатекаҳо сабт шудааст. Имрӯз 18197 нусха китоб ба феҳристи электронӣ ворид гардидааст.

Фароҳамоварии захираи китобхона аз соли 1974 то семоҳаи аввали соли 2015:

  1. Таснифи воридшавии китоб аз рӯи аломати забони нашр.

Тоҷикӣ
Русӣ
Хориҷӣ
Ҳамагӣ:

18750 82515

Узбекӣ Форсӣ

575
432
572
102844

 


2)Таснифи воридшавии китоб аз рӯи аломати соҳа.

Адабиёти сиёсӣ
Техника
Санъат ва варзиш
Адабиётшиносӣ ва ғайра
Ҳамагӣ:

9265 1963
9186

Табиат ва тиб Кишоварзӣ
Адабиёти бадеӣ

4237
468
73736

102844



Китобхона бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, дорои 28-дона компютер, 3 -дона ноотбук, 14-дона принтер, 3-дона сканер, 2-дона ксерекс, 3-дона телевизор, 1-дона видео-магниитофон, 1-дона антенаи пароболӣ, 1-дона маркази мусиқӣ (музыкальный центр), 1-дона ДВД, 1-дона проектор, 1-дона камераи рақамӣ, 1- дона дастгоҳи суратгирӣ ва 1-дона таҷҳизоти баландгӯяк.
Китобхона сомонаи худро (www.kdbj-mirshakar.tj) ба шабакаи байналмилалии «Интернет» пайваст намудааст.
Китобхона 3 нуқтаи китобдиҳӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ созмон додааст:
- мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб;
- мактаби таҳсилоти умумии № 38, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар дар тӯли 23 - соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1880 чорабиниҳои гуногунро баргузор намудаанд:
Кормандони шуъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотдиҳию библиографии китобхона дар солҳои Истиқлолият 76 номгӯи дастурҳои методӣ ва библиографиро омода ва нашр намуданд.
Дар Китобхона «Маркази иттилоотии кӯдакону наврасон» таъсис дода шуда аст, ки он дорои таҷҳизоти техникӣ: компютер, принтер, сканер, телефон ва пайвастшавӣ ба шабакаи байналмилалии «Интернет», инчунин 1743 нусха луғату қомусномаҳо аз ин: 371 нусха ба забони тоҷикӣ, 3 нусха ба забони ӯзбекӣ, 1336 нусха ба забони русӣ ва 33 нусха ба ҳуруфоти форсӣ мебошад.

Мукофотҳо
Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар тӯли фаъолияташ ба чунин мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст:


«Диплом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Чароғи ҳидоят» бахшида ба 1100- солагии давлати Сомониён ва 90- солагии аллома Бобоҷон Ғафуров (с.1999);
«Ифтихорнома»-и Ассотсиатсияи кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар нуҳумин Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқии кӯдакону наврасони Тоҷикистон» (с.2005);
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани нуҳумин Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» (с. 2005);
«Диплом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Душанбе ба ифтихори 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2011);
«Диплом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар Намоишгоҳи дуюми байналхалқии Китоби Душанбе (с. 2012);
«Диплом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар Намоишгоҳи сеюми байналхалқии Китоби Душанбе (с. 2013);
«Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» (с. 2014);
«Дипломи махсус» – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2014, бахшида ба «Рӯзи китоб » 4 сентябр (с. 2014) мушарраф гардидааст.
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» ( № 18-у аз 08.04.2015);
«Диплом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар Фестивали ҷумҳуриявиявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ( № 18-у аз 08.04.2015).

Кормандони зерин ба чунин мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст:

Авғонов Қ.
«Ифтихорнома»- Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар рушду камол, тарғиби фарҳанг ва тарбияи ахлоқию маънавии мардуми ҷумҳурӣ (с.1998);
нишони «Аълочии фарҳанг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2001);
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2003);
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда дар рушду нумуи фарҳанги Тоҷикистон (с.2003);
«Ифтихорнома»- и шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор барои иштироки фаъолона дар озмуни ноҳиявии кори китобхонаҳои оммавӣ (с.2005);
«Ифтихорнома» - Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои басёрсола ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ (с.2009);
нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2011);
нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (с. 2013);
«Нишони сухан»- и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (с.2013);
«Сипоснома»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар амалӣ гардидани сиёсати созандаю бунёдкорона (с.2014); «Ифтихорнома»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фирдавсӣ барои саҳми арзанда дар пешрафти кори ташкилоти ҳизбӣ (с.2014);
«Ифтихорнома»-и Федератсияи сулҳ ва ваҳдат Созмони байналхалқии ҷамъиятии мақоми машваратӣ дар назди ЭКОСОС СММ ва мақоми иштирокчии Шурои Европа (с. 2014);
«Сипосномаи»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён дар амалӣ гардидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (с.2014);
«Сипосномаи»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои хизматҳои шоён ва арҷгузорӣ ба Оинномаву Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (с.2014)
Узви “Итифоқи журналистони Тоҷикистон” (2014).


Аслиева М.
нишони сарисинагии «100- солагии В. И. Ленин» (с.1978);
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.1999):
нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (с. 2015).
Гуленова Б.
нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2006);
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2013).
Қодирова Ш.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2012).
Азизова Г.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2011),
«Сипоснома»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (с.2014);
нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (с. 2015).
Юсупова М.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2008),
нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (с.2013);
нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2014);
Узви “Итифоқи журналистони Тоҷикистон” (2014).
Муродова Х.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2012).
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2010);
Соҳибназарова С.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2010).
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2014);
Сатторова А.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2006);
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2012).
Муродова Д.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.1999);
нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (с. 2015);
«Ифтихорнома»- и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015).
Пираева Х.
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2003);
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2009);
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2014).
Нозимова М.
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2011).
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2014).
Бобоева С.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2014).
Аҳмадова Н.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2014).
Авғонова Ш.
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2014).
Мирзоева Л.
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2014).
Назаров Ф.
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2014).
Толибов Ф.
«Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2014);
«Ифтихорнома» - и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015).
Аҳмадова Ш.
нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2015).

 

Мирсаид Миршакар

Мирсаид Миршакар 5-майи соли 1912 дар махаллаи Синдеви нохияи Шугнони ВМКБ чашм ба олами хасти кушодааст. Соли 1993 дар синни 81 солаги вафот кардааст.

Шарикони мо!

© 2012 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  |  Ҳамаи ҳуқуқи муаллиф маҳфуз аст
    Phone: [+ 992 37] 227-47-26  |  E-mail: info@mypage.tj  |  -- Designed by: Dodikhudoev Parviz