КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ БАЧАГОНАИ ҶУМХУРИЯВИИ БА НОМИ МИРСАИД МИРШАКАР


Хуш омадед ба боргоҳи маърифат

Даcтурамали фестивал


 Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» 

fes

Барномаи фестивал

Муҳтарам (а) __________________________ 

Маъмурияти Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Шуморо ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» лутфан даъват менамояд.

Замон:            2- 9 апрели соли 2024, соати 10 00

Макон:            саҳн ва толори Китобхонаи давлатии

бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар

Суроға:шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 36 ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Тел.:    227-22-57, 93-923-66-33

Сомонаи Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар www.kdbj-mirshakar.tj 

Оғоз, ҷамъбаст ва рӯзҳои дигари баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» тибқи нақшаи китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки адибон, олимон ва шахсони маъруф сурат мегиранд.

 Кумитаи тадорукот ____________________________

Эзоҳ:

Оғози фестивал 2 - апрели соли 2024, соати 1000 дар саҳн ва толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар.

Ҷамъбасти фестивал 16- апрели соли 2024, соати 10 00 дар саҳн ва толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»

2.4. БАРНОМАИ

баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (интихоби мавзуъ озод)  Идомаи барномаҳои рӯзи дуюми фестивал:

3 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:   ноҳияи Шаҳринав

Суроға:  кӯчаи И.Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав

Тел.:     8315531003, 889003409

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Идомаи барномаҳои рӯзи дуюми фестивал:
 3 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:  ноҳияи Шоҳмансур, МТМУ № 100

Суроға: кӯчаи Назаршоев- 17

Тел:     987134433, 938118878

Идомаи барномаҳои рӯзи дуюми фестивал:
3 - апрели соли 2024, соати 1400

Макон:            Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода

Суроға:  кӯчаи М. Турсунзода, 39

Тел.:    904043630, 313021330

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Идомаи барномаҳои рӯзи сеюми фестивал:
 4 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон: шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод

Суроға: кӯчаи И. Сомонӣ- 54

Тел.:  935313053, 935588981, 8313532281

Почтаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Идомаи барномаҳои рӯзи сеюми фестивал:
4 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:   ноҳияи И. Сомонӣ, МТМУ № 62 ба  номи А. Баҳорӣ

Суроға:  кӯчаи Хӯчанбиёи поён- 62

Тел.:     918949467

Идомаи барномаҳои рӯзи сеюми фестивал:
4- апрели соли 2024, соати 1400

Макон:  Қасри фарҳанги шаҳри Роғун

Суроға: шаҳри Роғун, кӯчаи Истиқлол, 61

Тел.: 8313421639, 111104450

Почтаи электронӣ: vfarhang43@gmail.com

Идомаи барномаҳои рӯзи чоруми фестивал:
 5 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:   ноҳияи Варзоб

Суроға:  ҷамоати деҳоти Варзоб, деҳаи Ҳушёрӣ китобхона- филиали №8

Тел.:     555551844, 83153521014

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Идомаи барномаҳои рӯзи чоруми фестивал:
 5 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:    ноҳияи Фирдавсӣ, МТМУ №72

Суроға:   кӯчаи Мушфиқӣ- 109

Тел.:       919977200, 900048239

Идомаи барномаҳои рӯзи панҷуми фестивал:
6 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:  шаҳри Ваҳдат

Суроға: кӯчаи 20- солагии Истиқлолият Китобхонаи бачагонаи шаҳри Ваҳдат

Тел.:      907922932, 8313622192

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Идомаи барномаҳои рӯзи панҷуми фестивал:

6 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон: ноҳияи Сино, МТМУ №25 ба номи Убайд Раҷаб

Суроға: кӯчаи И. Сомонӣ - 59

Тел.:      904555152, 904403218, 900599220

Идомаи барномаҳои рӯзи шашуми фестивал:

8 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:  Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор

Суроға: кӯчаи И. Сомонӣ, хиёбони Ҳ. Назаров- 1

Тел.:      8313926791,938261063, 918756575

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Идомаи барномаҳои рӯзи шашуми фестивал:

8 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:  Мактаб- интернати №1

Суроға: кӯчаи Гипрозем- 9

Тел:     2312467, 918757528, 907611101

Идомаи барномаҳои рӯзи ҳафтуми фестивал:

9 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон: ноҳияи Рӯдакӣ

Суроға:  ҷамоати деҳоти Қиблаӣ, деҳаи Қиблаӣ китобхона- филиали №19

Тел.:     901811007, 8313722362

Почтаи электронӣ:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Идомаи барномаҳои рӯзи ҳафтуми фестивал:

9 - апрели соли 2024, соати 1000

Макон:    ноҳияи Фирдавсӣ, МТМУ №51

Суроға:  кӯчаи Н. Қарабоев- 10 А

Тел.:      919977200, 009090693

                                                 2.5. ҶАМЪБАСТИ

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»

Замон:   16- апрели соли 2024, соати 1000

Макон: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»

Суроға: кӯчаи Шоҳтемур- 54

Тел.:    907708000, 938511111

Дар саҳни Муассисаи давлатии

 «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»,аз соати 900 то 1000

- намоиши китобии «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст»;  

- хулосаи библиографӣ доир ба намоиш;

- намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон;

- намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр;

- суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон;

- қироати порчаҳои шеърӣ;

- фотомонтаж - «Як ҳафтаи китоб»

- порчаҳо аз намоишномаи Театри давлатии ҷумҳуриявии «Лӯхтак»;

- порчаҳо аз намоишномаи Сирки давлатии Тоҷикистон;

Дар дохили Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе», соати 1000

1.«Тараннуми китоб»-барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон».

2.Сухани ифтитоҳии намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Суханронии намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4.Суханронии намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

5.Табрикоти адибон.

6.Супоридани туҳфаҳо ба иштирокчиён ва созмонди-ҳандагони фаъоли Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон».

7. Намоиши китобии «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст». 

8. Хулосаи библиографӣ доир ба намоиш.

Масъулин: кормандони КДБҶ ба номи Мирсаид Миршакар, идораҳои маориф ва фарҳанги шаҳри Душанбе (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо), идораи рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдакона, Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», нашриётҳои давлатӣ ва хусусӣ, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, мактабҳои бачагонаи санъати шаҳру ноҳияҳо.



ВАЗОРАТИ ФАРЊАНГИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ФАРМОИШ 

 

«09»__январи_2024                    №_06__                        ш. Душанбе

  

         Дар бораи баргузор намудани Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст»

 Бо маќсади љалби њар чї бештари кўдакону наврасон ба китобу китобхона, тарѓибу ташвиќи мероси гаронмояи фарњанги миллї ва дастовардњои тозаи илмї-техникї дар байни онњо, тарбияи њисси худшиносиву ватандўстї, ташаккули љањонбинии илмии насли наврас, ҷиҳати иҷрои банди 10 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», мувофиқи  банди 10 Низомномаи Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон, к ибо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 тасдиқ шудааст,

 ФАРМОИШ МЕДИЊАМ:

1.Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» рўзњои 2-9 апрели соли 2024 дар миќёси љумњурї баргузор гардад.

2. Низомнома, њайати эљодї ва маъмурии Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» тасдиќ карда шаванд (замима мегарданд).

3.Бо маќсади дар сатњи баланди ташкилию эљодї баргузор гардидани Фестивал дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  Ситоди љумњуриявї ташкил карда шавад.

4.Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба баргузории фестивал семинари ҷумҳуриявӣ доир намояд.

5.Шуъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирӣ  муваззаф гардад, ки мутобиқи харҷномаи пешниҳодшуда, маблағҳои заруриро таъмин намояд.

6.Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус муваззаф гардад, ки тибқи дархости гуруҳи корӣ корҳоро ба анҷом расонад.

7. Шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг вазифадор карда шаванд, ки дар баргузории чорабинии мазкур ҷиҳати таъмини иштирокчиён  мусоидат намоянд.

8.Раёсати фарҳанги маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе барои иштироки хонандагони мактабњои тањсилоти миёнаи умумї ва бачагонаи мусиќии шањри Душанбе бо барномањои махсуси консертї дар њамкорӣ бо Китобхонаи марказии шаҳрӣ ба номи Абулќосим Лоњутии шањри Душанбе  дар љараёни  баргузории Фестивал мусоидат намоянд.

9.Сардорони раёсатњо, мудирони шуъба ва бахшњои фарњанги маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва шањру ноњияњои љумњурї дар њамкорї бо Мактабњои мусиќї вазифадор карда шаванд, ки барои дар сатњи баланди ташкилию эљодї доир намудани Фестивал тадбирњои мушаххас андешанд.

10.Директори Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиќии љумњуриявии ба номи Миратулло Атоев  вазифадор карда шавад, ки дар рўзњои баргузории Фестивал иштироки хонандагони мактаби номбурдаро бо барномањои махсуси консертї таъмин намояд.

11.Директори Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон  вазифадор карда шавад, ки дар рӯзҳои баргузории фестивал тамоми нерӯҳои эҷодии муассисаро ҷалб намуда, инчунин намоиши дастранҷи кӯдакону наврасонро ташкил намояд.

12. Директорони Театри давлатии љумњуриявии лўхтак, Сирки давлатии Тољикистон вазифадор карда шаванд, ки дар оѓоз ва љамъбасти фестивал барномањои махсус ташкил намоянд.

13.Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» барои омода намудани ҷои баргузорӣ, таҷҳизот ва дастгоҳҳои тақвияти овоз дар оғози фестивал чораҳои амалӣ андешад.

14.Директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» оид ба омода намудани толор барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани фестивал мусоидат намояд.

15.Сардабирони рўзномаи «Бањори Аљам» ва «Анбоз»  вазифадор карда шаванд, ки бахшида ба Фестивал шумораи махсуси нашрияњоро тањия ва чоп намоянд.

16.Сардабирони маљалла ва рўзномањои бачагонаи љумњуриявї, Маркази иттилоот ва коммуникатсияи дастгоҳи марказии вазорат  вазифадор карда шаванд, ки раванди баргузории Фестивалро њамаљониба тарѓиб намоянд.

17. Ба директорони Корхонаи воњиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», муассисањои нашриявии «Ирфон», «Адиб», «Адабиёти бачагона», нашриётњои хусусї супориш дода шавад, ки дар рўзњои баргузории фестивал намоиш ва фурўши китобњои тозанашрро ташкил намоянд

 18.Назорати иљрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини  сарпараст  вогузор карда шавад.

 

 

             Вазир                                                          Давлатзода З.Д.


 

НИЗОМНОМАИ

 

Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» бахшида ба 50 -солагии Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар»

 1.МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ

Яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон дар соњаи маориф ва фарњанг ин тарбияи насли ояндаи миллат дар руњияи созандагї, бунёдкорї, хештаншиносї, ватандўстї, эњтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбињои даврони соњибистиќлолї, ташаккули љањонбинии илмї, равона сохтани майл ва завќу раѓбати онњо ба донишомўзї, бањрабардории њарчи бештари кўдакону наврасон аз дастовардњои илмию техникї, техника ва технологияи муосир ба шумор меравад.

Тавре, ки аз дастуру њидоятњои Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бармеояд: «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисањои таълимии санъату њунар, осорхонаву китобхонањо, театрњо ва марказњои фарњангиро бењтар гардонем, ањли љомеаро ба ин муассисањо њарчи бештар љалб кунем ва бо ин роњ ба раванди баланд бардоштани сатњи маърифату маънавиёти ањли љомеа, хусусан, наврасону љавонон, яъне наслњои ояндасози миллат ва рушди фарњанги миллї такони љиддї бахшем».

Барои иљрои ин вазифаи басо пурмасъулият дастандаркорони китобхонањои бачагона ва мактабии миќёси љумњурї њамчун марказњои фароњамоварї, нигоњдошт ва омўзишу тарѓиби арзишњои фарњанги миллї, донишњои умумибашарї дорои имкониятњои нисбатан васеи тарбияи насли наврас буда, дар ин самт мавќеи муњимро ишѓол менамоянд.

Дар ин росто, Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар њамкорї ва бо дастгирии Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Иттифоќи нависандагони Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї анъанаи пурарзиши китобдўстиро пайгирї намуда, Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон»-ро њамасола баргузор менамояд.

Имсол Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» (минбаъд Фестивал) дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисањои фарњангии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025», ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2021, №115 тасдиќ шудааст, бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Ваҳдати миллӣ, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028», Солҳои 2020- 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», 50-солагии Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар», инчунин ҷашну зодрӯзи адибону олимон баргузор мешавад.

Баргузории Фестивал имкон медињад, ки тавассути шиносої бо вазъи китобхонањои бачагона ва мактабї ањли илму адаби кишвар ва масъулони маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, роњу воситањои боз њам муассиру замонавии тарѓиби китоб ва дигар маводи иттилоотиро дар байни кўдакону наврасон дарёфт намуда, ба ин васила дар раванди ташаккули њисси ифтихор аз забону миллати хеш, ватандўстї, хештаншиносї, эњтирому посдории якпорчагии Тољикистон сањм гузоранд ва бо њидояти каломи бадеъ насли наврасро ба суйи бунёдкориву созандагї рањнамун сохта, пойдевори давлати тозабунёди Тољикистонро боз њам мустањкамтар намоянд.

 2. МАЌСАДИ ФЕСТИВАЛ

Маќсади асосии баргузории Фестивал љалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули бењтарин малакањои хониш, боз њам баланд бардоштани сатњи фарњанги иттилоотии кўдакону наврасон ва ба ин васила, дар замири онњо бедор намудани њисси ифтихори миллї, ватандўстї, гиромидошти арзишњои милливу умумибашарї ва тарѓиби тарзи њаёти солим мебошад.

Дар љараёни баргузории фестивал таваљљуњи маќомоти дахлдори давлатї, ањли љомеа, бахусус падару модарон, омўзгорону мураббиён, олимону адибон, китобдорон ба мушкилоти раванди хониши кўдакону наврасон, эњтиёљоти китобхонањои бачагона ва мактабии миќёси љумњурї, фароњамоварии шароитњои боз њам мусоид барои мутолиаи китоб ва њаллу фасли масъалањои табъу нашри китоб барои кўдакону наврасон љалб хоњад шуд.

 3. ВАЗИФАЊОИ ФЕСТИВАЛ

Муњимтарин вазифаи фестивал арљгузорї ба мероси ниёгон, арзишњои миллї ва умумибашарї, тарбияи насли наврас дар рўњияи ватандўстї, зебописандї, худшиносї, ифтихор аз Тољикистон, эњтиром гузоштан ба муќаддасоти миллї, омодагї ба њифзи марзу буми Ватани азиз - Тољикистон мебошад.

Созмондињандагони фестивал ният доранд, ки бањри ташаккули чунин сифатњои воло дар замири кўдакону наврасон, такомули аќлу заковат ва маънавиёти онњо дар љараёни баргузории чорабинї ба иљрои вазифањои зерин таваљљуњи хоса зоњир намоянд:

-  тарѓибу ташвиќи адабиёти тозанашри илмї-оммавї, адабї, бадеї, техникї, фантастикї, инчунин адабиёти соњањои гуногуни дониш, маљаллаву рўзномањо дар байни кўдакону наврасони љумњурї;

-  муаррифии бењтарин асарњои адабиёти классикї ва муосири тољик, осори намояндагони барљастаи адабиёти халќњои гуногуни љањон дар байни кўдакону наврасон;

-  дастраси кўдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарњангии халќи тољик тавассути ташкили лексияњо, суњбату мулоќотњо оид ба њунарњои мардумї, ёдгорињои таърихию фарњангї, меъморї, бо истифода аз матни китоб ва дигар маводи иттилотї ташкил намудани экскурсияњо ва хатсайрњои виртуалї (маљозї) ба мавзеъњои сайёњии Тољикистон;

- дар њамкорї бо падару модарон боз њам бењтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани њисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалањои хониши кўдакону наврасон, ташаккули фарњанги иттилоотии онњо;

-   бедор намудани майлу раѓбат ва шавќу њаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабинињои гуногуни фарњангї;

- кашфи истеъдодњои нав, аз љумла ровиёну наттоќон, рассомону ихтироъкорони наврас, навќаламон, китобдўстон, кишваршиносон, аз љумла сайёњон ва роњбаладони наврас, шогирдони устоњои чирадасти соњаи њунарњои мардумї-кандакорону чакандўзон ва ѓайра;

-  созмондињї ва баргузории чорабинињои гуногуни шавќовар барои кўдакону наврасон, љавонон (мулоќоту вохўрињо, суњбатњо, конфронсњои хонандагон, субњи адабї, намоишњои китобї, муаррифии китобњо ва мавзеъњои сайёњї (дења, ноњия, шањр, вилоят), мубодилаи афкор, хулосањои библиографї, викторинањо, мањфилњои гуногун, ба монандї: «Кўдакон дунёи моанд» (бо ширкати муштараки волидону фарзандон, мураббиёну омўзгорон, адибону олимон), «Пайравони Пешво», «Сайри олами маонї», «Насли солим - љомеаи солим», «Варзишгарони навраси тољик», «Навќаламон», «Дўстдорони назми классикї», «Дўстдорони фантастика», «Дўстдорони савту наво», «Дўстдорони сайру саёњат», «Ихтироъкори наврас», «Муњандиси љавон», «Об - ќиматтар аз лаълу гуњар», «Роѓун-кохи нур», «Тољикистон- кишвари доимбаҳор», «Шоир андар синаи миллат дил аст» базмњои шеъру тарона, байтбарак ва ѓайра бо иштироки олимону ихтироъкорон, устоњои варзидаи соњаи њунарњои мардумї, шоиру нависандагон, аз љумла муаллифони китобњои бачагона, шахсиятњои барљастаи илму адаби тољик, падару модарон, омўзгорону мураббиён;

-  пањннамої ва дастраси кўдакону наврасон гардонидани шаклу услубњои нави хадамоти китобдорї-иттилоотї тавассути технологияи муосири иттилоотї, санљиши мањорату малакаи кор дар шабакаи интернет;

-  ташкили намоиш ва фурўши китобњои бачагона, нуќтањои китобдињї, намоишњои китобї, маводи таълимї-методї, намоишгоњи дастранљи кўдакон, рассомону ихтироъкорон, кадбонуњои наврас ва ѓайра.

 4. ОЗМУНЊОИ ФЕСТИВАЛ

4.1. Озмуни бењтарин иншо дар мавзўи «Биҳишти бебаҳоям- Тољикистон»

Шартњо: Иншо бояд аз мавзўи интихобгардида берун набуда, бо тарзу услуби нигориши худ эљод шавад ва тибќи талаботи мактабї навишта шуда бошад. Иштирокчии озмун њангоми навиштани иншо ба хатогии имлої роњ надињад, аз дигар сарчашмањо рўбардор накунад ва дар нињоди ў њангоми навиштан шавќу раѓбат ба забону адабиёт бедор бошад.

Иштирокчиёни озмун хонандагони синни калони мактабї (синфњои 8, 9, 10, 11) мебошанд.

Даврњои озмун:

-даври аввал - дар китобхонањои шањру ноњияњо ва вилоятњо;

-даври дуюм – љамъбастї, дар шањри Душанбе.

4.2. Озмуни бењтарин ќироати шеър, достон, ќасида ва ѓазал тањти унвони «Беҳтарин гавҳари ганҷинаи њастї сухан аст»

Шартњо: Иштирокчии озмун бояд мањорати хуби суханвариву ќироат дошта, ашъори зиёд аз бар карда, нутќи бурро ва симои сањнавї дошта бошад.

Иштирокчиёни озмун хонандагони синни калони мактабї (синфњои 8, 9, 10, 11) мебошанд.

Даврњои озмун:

-даври аввал - дар китобхонањои шањру ноњияњо ва вилоятњо;

-даври дуюм – љамъбастї, дар шањри Душанбе.

4.3. Озмуни «Хонандаи беҳтарин»:

Шартњо: Иштирокчии озмун давоми соли тањсили 2023-2024 бояд на камтар аз 50 китоб аз фонди китобхона мутолиа карда, дар чорабинињои китобхона фаъолона иштирок намояд. Рўйхати китобњои мутолианамудаашро пешнињод намояд ва оид ба муњтавои ин китобњо маълумот дода тавонад.

Иштирокчиёни озмун хонандагони синни миёна ва калони мактабї шуда метавонанд.

Даврњои озмун:

-даври аввал - дар китобхонањои шањру ноњияњо ва вилоятњо;

-даври дуюм – љамъбастї, дар шањри Душанбе.

4.4.Озмуни «Њунар бењтар аз зар бувад»

Шартњо: Иштирокчии озмун бењтарин намунањои дастранљи худ, аз ќабили зардўзї, гулдузї, тоќидузї, ќуроќдўзї, чакандўзї, кандакорї, дуредгарї, кашидадўзї, љуроббофї, гулбаст, атласбофї, тўрбофї, гилембофї, карбосбофї, бўрёбофї, читгарї, сабадбофї, камзўлдўзї, заргарї, дастпонасозї, занљирасозї, ангуштаринсозї, армуѓонсозї, гўшворасозї, камарбандсозї ва ѓайраро пешнињод намуда, онњоро муаррифї менамояд.

Иштирокчиёни озмун хонандагони синни калони мактабї (синфњои 8, 9, 10, 11) мебошанд.

Даврњои озмун:

-даври аввал - дар китобхонањои шањру ноњияњо ва вилоятњо;

-даври дуюм – љамъбастї, дар шањри Душанбе.

4.5. Озмуни «Ҷомӣ-сухане чу мавлавӣ гуфт…» бахшида ба 610- солагии мударриси илму ҳикмат Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ

Шартњо: Иштирокчии озмун бояд номгӯи асарњо, рубоиёт, ғазал ва пораҳои достонҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро аз худ карда, мазмуни мухтасари онњоро ба њайати њакамон наќл карда тавонад.

Њамчунин, барои ќонеъ гардонидани талаботи њакамон дилхоњ шеър ё ѓазали устодро бо як завќу салиќаи баланди ровигї ќироат намояд.

Иштирокчиёни озмун хонандагони синни миёнаи мактабї (синфњои 8, 9, 10,11) мебошанд.

Даврњои озмун:

-даври аввал - дар китобхонањои шањру ноњияњо ва вилоятњо;

-даври дуюм – љамъбастї, дар шањри Душанбе.

Эзоњ: дар њамаи озмунњо чунин маќомњои ифтихорї муќаррар шудааст:

Љойи якум – 1 адад;

Љойи дуюм – 2 адад;

Љойи сеюм – 3 адад;

Иштироки фаъолона – 4 адад;

Дар маљмўъ, дар 5 озмуни пешнињодшуда 10 нафарї иштирокчї (њамагї 50 нафар) фаро гирифта мешаванд.

 5. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ

Фестивал аз 2 то 9 апрели соли 2024 баргузор мегардад. Маросими ботантанаи ифтитоњи он 2 апрел дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар», китобхонањои бачагонаи вилоятї ва китобхонањои марказии шањру ноњияњо ва љамъбасту маросими туњфасупории фестивал 16-уми апрел дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мешавад.

Бањри дар сатњи баланди ташкилию эчодї баргузор гардидани фестивал њар сол дар назди Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» Ситоди љумњуриявї ташкил карда мешавад. Ситоди мазкур фаъолияти кумитањои тадорукот, њайатњои корї ва эљодии фестивалро, ки дар вилоят, шањру ноњияњо созмон дода шудаанд, мутобиќ гардонида, ба онњо ёрии амалию методї мерасонад.

Дар назди китобхонањои вилоят ва шањру ноњияњои љумњурї бо иштироки китобдорони варзида, олимону адибон, намояндагони раёсат, шуъба, бахшњои фарњангу маориф, воситањои ахбори омма, кумитањои тадорукот, ситодњои корї ва њайати њакамон доир ба озмунњо созмон дода мешаванд.

Њайати корї ва эљодии фестивал тањти унвони «Аниси кунљи танњої китоб аст» дастури методию таълимиро тањия менамоянд, ки дар он Низомномаи фестивал, шарти озмунњо, Паёми шодбошии Вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон, сенарияи баргузории фестивал, сенарияи композитсияњои адабї - бадеї, маълумотномаи адибони соњибљашн, фикру андешањои адибону олимон оид ба фестивал, барнома ва даъватномаи фестивал чоп карда мешаванд.

Дар шуморањои махсуси маљаллаи «Истиќбол», рўзномањои «Анбоз» ва «Бањори Аљам» низомномаи фестивал, таърихи он, таърихи китобхонањои љумњурї, нашриёт, чопхона маълумотњо оид ба адибону олимони сохибљашн, сенарияи чорабинињои фестивал (композитсияи адабї-бадеї, суњбат, хулосаи библиографї, тарњи намоиши китоб, андешањои иштирокчиёни фаъоли фестивалњои гузашта, љараёни баргузорї, инчунин тавсифи китобдорону хонандагони бењтарини солњои 2023 - 2024 ва ѓайра) чоп мешаванд.

Оѓоз ва анљоми Фестивал бо салоњдиди созмондињандагон дар саросари љумњурї бахшида ба љашнњои фархунда ва рўзњои дигари Фестивал ба љашни зодрўзи адибону олимон ва чењрањои шинохтаи кишвар бахшида мешавад.

 6. ХАРОЉОТИ МОЛИЯВИИ ФЕСТИВАЛ

Харољоти табирњои Фестивал аз њисоби «Барномаи давлатии рушди муассисањои фарњангии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025» пардохт карда мешавад.

Харољоти баргузории фестивал дар шањру ноњияњои љумњурї ва сафарбарии фаъолону ѓолибони озмунњо, адибони мањаллї барои иштирок дар љамъбасти фестивал, ки дар шањри Душанбе баргузор мегардад, аз њисоби маблаѓњои раёсат, шуъба ва бахшњои фарњангу маорифи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо ва шањру ноњияњои љумњурї пардохта мешавад. Дар баргузории фестивал, њавасмандгардонии созмондињандагону иштирокчиёни он ба сифати сарпараст шахсони воќеию њуќуќии ватанию хориљї, сармоядорон њиссагузорї карда метавонанд.

 7. МУКОФОТЊОИ ФЕСТИВАЛ

Дар љараёни фестивал озмунњои гуногун гузаронида шуда, ѓолибон бо китобњо, туњфањо, армуѓонњо, ифтихорномаву диплом, инчунин мукофотњои пулї сарфароз мегарданд.

Созмондињандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омўзгорон, хонандагон, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотњо, шахсони алоњида аз љониби Кумитаи тадорукот ва маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, шањру ноњияњои љумњурї бо мукофотњои пулї, туњфањо, инчунин бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ќадрдонї карда мешаванд.

 

 

Маълумотнома оид ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон»

1. Торихи фестивал

Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасон яке аз шаклҳои муҷтамеи (комплексии) тарғиби адабиёт маҳсуб ёфта, дар солҳои шўравӣ ба як қолаби муайян даромад. Дар солҳои бистуми асри ХХ бо номҳои «Рўзҳои китоб», «Ҳафтаи китобҳо», «Музоядаи китобхона» маълум буданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (соли 1944) бо ташаббуси нависандаи рус Лев Кассил «Ҳафтаи китоби кўдакон» ба ҳукми анъана даромад. Аз солҳои 50-ум сар карда «Ҳафтаи Умумииттифоқии китоби кўдакон ва наврасон» ҳамасола дар рўзҳои таътили баҳории мактаббачагон ташкил карда мешуданд. Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ин чорабинӣ ба гўшаи фаромўшӣ рафта буд. Хушбахтона, ин анъанаи нек бо ташаббуси Шоири маҳбуби кўдакону наврасон Наримон Бақозода, бо дастгирии молиявии Ассотсиатсияи кормандони китобхонаҳои бачагона ва мактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳтиунвони «Фестивали китоб ва мусиқӣ» эҳё гардида, баъдтар бо ибтикори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 марти соли 2007, таҳти №85 тасдиқ гардидааст, ворид карда шуд, ки ҳамасола таҳти унвони Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» рўзҳои 2-9 апрел дар Рўзи байналмилалии китоби кўдакон дар миқёси ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

2. Мақсад аз баргузории Фестивал.

Тарғиб ва оммавигардонии хониш дар байни кўдакону наврасон, ҷалб намудани таваҷҷуҳи насли наврас ба китобу хониш, ба китобхона ҳамчун маркази иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ташаккули одат ва малакаҳои хониш ва дар ин замина мусоидат намудан ба такомули фарҳанги иттиллоотии кўдакону наврасон мебошад.

3. Вазифаҳои Фестивал

Умдатарин вазифаи Фестивал арљгузорї ба мероси ниёгон, арзишњои миллї ва умумибашарї, тарбияи насли наврас дар рўњияи ватандўстї, зебописандї, худшиносї, ифтихор аз Тољикистон, тарбияи њисси эњтиром нисбат ба дастовардњои замони истиќлол, муќаддасоти миллї, омодагї ба њифзи марзу буми Ватани азиз - Тољикистон мебошад. Созмондињандагони Фестивал ният доранд, ки бањри ташаккули чунин сифатњои воло дар замири кўдакону наврасон, такомули аќлу заковат ва маънавиёти онњо дар љараёни баргузории чорабинї ба иљрои вазифањои зерин таваљљўњи хоса зоњир намоянд:

- тарѓибу ташвиќи адабиёти бењтарини тозанашри илмї-оммавї, адабї, бадеї, техникї, фантастикї, инчунин адабиёти соњањои гуногуни дониш, маљаллаву рўзномањо дар байни кўдакону наврасони љумњурї;

- муаррифии бењтарин асарњои адабиёти классикї ва муосири тољик, осори намояндагони барљастаи адабиёти халќњои гуногуни љањон дар байни кўдакону наврасон;

- дастраси кўдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарњангии халќи тољик тавассути ташкили экскурсияњо, лексияњо, сўњбату мулоќотњо оид ба ёдгорињои таърихию фарњангї, меъморї;

- дар њамкорї бо падару модарон боз њам бењтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани њисси масъулият­шиносии волидайн нисбат ба масъалањои хониши кўдакону наврасон, ташаккули фарњанги иттилоотии онњо;

- бедор намудани майлу раѓбат ва шавќу њаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабинињои гуногуни фарњангї;

- кашфи истеъдодњои љавон, бачагону наврасони болаёќат, аз љумла ровиёну наттоќони љавон, рассомону ихтироъкорони наврас, навќаламон, китобдўстон, кишваршиносони наврас;

- созмондињї ва баргузории чорабинињои гуногуни шавќовар барои кўдакону наврасон, љавонон (мулоќоту вохўрињо, сўњбатњо, конфронсњои хонандагон, субњи адабї, намоишњои китобї, муаррифии китобњо, мубодилањои афкор, хулосањои библиографї, викторинањо, мањфилњои гуногун, ба монанди «Фарзанди нек – боѓи падар» (бо ширкати муштараки волидону фарзандон, мураббиёну омўзгорон, адибону олимон), «Тани солим – рўњи солим», «Насли солим – љомеаи солим», «Варзишгарони навраси тољик», «Навќаламон», «Дўстдорони назми классикї», «Дўстдорони фантастика», «Дўстдорони мусиќї», «Техники љавон», «Ихтироъкори наврас», «Муњандиси љавон», «Ворисони Сино», базмњои шеъру тарона, байтбарак ва ѓайра бо иштироки олимону ихтироъкорон, шоиру нависандагон, аз љумла муаллифони китобњои бачагона, шахсиятњои барљаста илму адаби тољик, падару модарон, омўзгорону мураббиён;

- пањннамої ва дастраси кўдакону наврасон гардонидани шаклу услубњои нави хадамоти китобдорї-иттилоотї тавассути технологияи муосири иттилоотї, санљиши мањорату малакањои кор дар шабакаи интернет;

- ташкили ярмаркаи китобњои бачагона, нуќтањои китобдињї, намоишњои китобї, маводи таълимї-методї, намоишгоњи дастранљи кўдакон, рассомону ихтироъкорони наврас;

- баргузории озмунњо- «Ватанам Тољикистон» (барои кишваршиносони љавон), «Вориси Сомониён», «Ихтироъкори наврас», интернет-озмуни бачагона - «Њама чизро донистан мехоњам», «Китобдори бењтарин», «Бењтарин китобхонаи бачагона», «Бењтарин китобхонаи мактабї», «Хонандаи фаъол», «Мураббии бењтарин», «Дастони моњир», «Иншои бењтарин», «Навќалам», викторинањо – «Оё Шумо медонед?» ва муќаррар намудани љоизањои Фестивал «Ѓолиби викторина», «Барои ќироати бењтарин» (-и шеър, афсона, њикоя ва ѓайра), «Барои бењтарин намоишгоњи китоб», «Аниси хонадони мо» (барои оилањои китобдўст), «Барои тарѓиби фаъолонаи Фестивал», «Барои расми зеботарин», «Бењтарин донандаи интернет», «Барои бењтарин муаррифии китоб» ва амсоли инњо.

4. Тартиби баргузории Фестивал

Фестивали љумњуриявии «Њафтаи китоби кўдакону наврасони Тољикистон» њамасолаМаълумоти рўзњои 2-9 апрел дар саросари љумњурї баргузор мегардад. Фестивал санаи 2 апрел-Рўзи байналмилалии китоби кўдакон дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар воќеъ дар шањри Душанбе, хиёбони Рўдакї, 36, китобхонањои бачагонаи вилоятї ва китобхонањои марказии шањру ноњияњо, китобхонањои мактабї ба таври тантанавї оѓоз меёбад.

Љамъбасти Фестивал рўзи 9 апрел дар толори номбурда бо иштироки фаъолон, ѓолибони озмунњо, барандагони љоизањо, ањли илму адаб, намояндагони вазоратњои фарњангу маориф, васоити ахбори омма баргузор мегардад.

Бањри дар сатњи баланди ташкилию эљодї баргузор гардидани Фестивал њар сол дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи љумњуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ситоди љумњуриявї ташкил карда мешавад. Ситоди мазкур фаъолияти кумитањои тадорукот, њайатњои корї ва эљодии фестивалро, ки дар вилоят, шањру ноњияњо созмон дода шудаанд, мутобиќ гардонида, ба онњо ёрии амалию методї мерасонад.

Дар вилоят ва шањру ноњияњои љумњурї бо иштироки китобдорони варзида, олимону адибон, намояндагони раёсат, шуъбањои фарњангу маориф, воситањои ахбори омма кумитањои тадорукот ва ситодњои корї созмон дода мешаванд.

Њайати корї ва эљодии Фестивал дастури методию таълимиро тањти унвони «Њафт бурљи маърифат», инчунин барномаи фестивалро дар мувофиќа бо Иттифоќи нависандагони Тољикистон, Вазорати фарњанг ва Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистонро тањия менамоянд.

Бояд тазакур дод, ки дар фестивали имсола бештар муаррифии китобњои тозанашр, рўзномаву маљаллањои бачагона ва бузургдошти адибону олимони муосири тољик ба наќша гирифта шудааст.

 


дастур ва мақолаҳо аз рӯзномаву маҷаллаҳо оиди фестивал дар соли 2015

1. Аз китоб ояд ба дил нуру сафо (бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»): дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯён ва созмондиҳандагони Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон»/ Мураттиб ва муаллифи мақолаи муқаддимавӣ Авғонов Қурбон; Муҳаррир Садриддин Ҳасанзода; Зери назари Сайфиддин Назарзода; Масъули чоп Сатторова Азизмоҳ.- Душанбе: Истеъдод, 2015. – 208 с.
2. Тошбеков, М.Фестивал дар тарғиби китоб [Матн ва расм]: Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М.Миршакар таёриҳо ба фестивали китоби кӯдакону наврасон // Паёми Душанбе .-2015.-20 феврал
3. Азизов, Ҳ. Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст [Матн ва расм]: 26-27 феврал дар Китобхонаи бачагонаи М. Миршакар семинарии ҷумҳуриявии кормандони китоб-хонаҳои ҷумҳурӣ, таҳти унвони «Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯйи китоб аст бахшида ба фестивали китоби кӯдакону наврасон // Ҷавонони Тоҷикистон.-2015.-5 март
4. Авғонов, Қурбон.Фестивали китоб- иди кӯдакону наврасон [Матн ва расм]: Директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар // Баҳори Аҷам. -2015.-20 март
5. Гуленова, Б. Аз китоб ояд ба дил нуру сафо армуғон ба китобдорон [Матн ва расм]: Муовини директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номиМ. Миршакар // Баҳори Аҷам. -2015. -20 март
6. Нуриддин, А. Омодагиҳо ба фестивали китоб [Матн ва расм]: Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М.Миршакар таёриҳо ба фестивали китоби кӯдакону наврасон // Паёми Душанбе .-2015.-27 март
7. Муҳаббати, Юсуф. Сабақе аз диёри қаҳрабо [Матн ва расм]: Сӯҳбат бо ишти­рок­чии фаъоли фестивали китоби кӯдакону наврасон Алӣ Бобоҷон // Баҳори Аҷам .-2015 .- 20 март
8. Раҳматов,М. Аз китоб ояд ба дил нуру сафо Китоб омӯзгори рӯзгор аст. Рафиқи меҳрубону ғамгусор аст [Матн]: Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон // Шаҳриёр .-2015 .-21март
9. Каримзода, Б.Ҷашнвораи китоби бачаҳо [Матн ва расм]: Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон // Садои Мардум .-2015 .- 4 апрел
10. Назаров, Э. Оғози Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон [Матн ва расм]: Фестивал // Ҷумҳурият .-2015 -.4 апрел
11. Ибодуллоҳи, Т. Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон» [Матн ва расм]: Фестивал // Минбари Халқ .-2015.- 1 апрел
12. Аминиён, С. Ҷашни рӯзномаи дӯстдоштаи ҷавонон [Матн ва расм]: Дар Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар Ба ифтихори 85 – солагии “Ҷавонони Тоҷикистон“ маҳфили адабӣ бо адибон ва хонандагон баргузор гардид // Ҷавонони Тоҷикистон .-2015.- 9 апрел
13. Раҳимҷонов, Х. Китоб маънидеҳу нурбахши рӯзгори мост [Матн ва расм]: Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон // Баҳори Аҷам .-2015 .- 7 апрел
14.Як ҳафтаи фараҳбахш [Матн ва расм]: Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон // Баҳори Аҷам .-2015 .- 7 апрел
15. Азизов, Ҳ.Ҷалби наврасон ба китобхонӣ [Матн ва расм]: Фестивал // Ҷавонони Тоҷикистон .-2015.- 9 апрел
16. Ҳотами, Ҳ. Маҳфили адиб [Матн]: Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар ноҳияи Восеъ // Омӯзгор .-2015 .- 10 апрел
17. Дилафрӯз, Қурбонӣ. Ҷашни маърифату хирадварзӣ [Матн ва расм]: Қайдҳо аз Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон // Омӯзгор .-2015 .- 17 апрел.- С.6.
18. Шариф, Абдулҳамид. Завқи китобхонӣ [Матн]: Қайдҳо аз Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб // Омӯзгор .-2015 .- 17 апрел.- С.16.
19. Раҳимҷонов, Х. Рӯйи китоб рӯйи, ки нагардад зи касе [Матн ва расм]: Фестивали ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон // Баҳори Аҷам .- 2015 .- 14 апрел
20. Шарифов, Д. Ҳафтаи китоб дар Хатлон [Матн]: Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар толори китобхонаи вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин // Баҳори Аҷам .- 2015 . - 14 апрел
21. Нуру сафои дил [Матн ва расм]: Фестивали ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар шаҳри Хоруғ // Баҳори Аҷам .- 2015 . - 14 апрел
22. Анҷоми фестивал [Матн]: Анҷоми фестивал дар толори Филармонияи давлатии А. Ҷураев // Адабиёт ва Санъат .-2015.-16 апрел
23. Аминиён, С.Ҷашни рӯзномаи дӯстдоштаи ҷавонон [Матн ва расм]: Дар Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар. Ба ифтихори 85 – солагии “Ҷавонони Тоҷикистон“ маҳфили адабӣ бо адибон ва хонандагон баргузор гардид // Ҷавонони Тоҷикистон .-2015.- 9 апрел
24. Қурбонӣ Д. Ҷашни маърифату хирадварзӣ [Матн ва расм]: Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон // Омӯзгор .-2015 .-17 апрел
25. Фестиваль закрылся, а книга ждет вас! [Текст и фото]: Ниделя детской книги // Народная Газета .-2015.- 15 апреля

 

     Аз китоб ояд дар дил нури сафо

Мирсаид Миршакар

Мирсаид Миршакар 5-майи соли 1912 дар махаллаи Синдеви нохияи Шугнони ВМКБ чашм ба олами хасти кушодааст. Соли 1993 дар синни 81 солаги вафот кардааст.

Шарикони мо!

© 2012 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  |  Ҳамаи ҳуқуқи муаллиф маҳфуз аст
    Phone: [+ 992 37] 227-47-26  |  E-mail: info@mypage.tj  |  -- Designed by: Dodikhudoev Parviz