КИТОБХОНАИ ДАВЛАТИИ БАЧАГОНАИ ҶУМХУРИЯВИИ БА НОМИ МИРСАИД МИРШАКАР


Хуш омадед ба боргоҳи маърифат

Хадамот

Даъват ба китобдӯстӣ

Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар

ДАЪВАТ БА КИТОБДӮСТӢ

_______________________________________________________

Аъзо шудан ба Китобхона
Барои ба китобхона аъзо шудан шањрвандон нусхаи шиноснома ва ариза пешниҳод менамоянд. Аъзо шудан ба китобхона ройгон аст.

Хонандагоне, ки ҳанўз синнашон ба 16 нарасидааст, ба Китобхона бо хоҳиши падару модарон ё муассисаи таълимӣ дар асоси «ариза»  аъзо мешаванд.

Баъд аз ин дар формуляри хонанда  маълумотҳои  муроҷиаткунанда (ному насаб, ҷои истиқомат, ҷои кор, синну сол, рақами телефон) навишта мешавад.

Истифодабарандагони асосии Китобхона
Истифодабарандагони асосии китобхона- шаҳрвандони то синни 17 сола, волидайни онҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба масоили омўзишу тарғиби адабиёти бачагона ва хониши бачагон робитаи касбӣ доранд, мебошанд. Мувофиқи Моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» истифодабарандагони китобхонаҳо вазифадоранд, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя намоянд. Истифодабарандагоне, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро вайрон карда, ба китобхона зарар мерасонанд, онро дар ҳаҷми тибқи қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо муайян намуда ҷуброн карда, инчунин дар њолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Истифодаи китоб
Китоб барои хонанда ба муҳлати 10 рўз дода мешавад. Дар формуляри хонанда муаллиф ва номи китоб, дар кадом шуъба буданаш ва рўзи баргардонидани китоб қайд карда мешавад. Ҳамзамон дар формуляри китоб низ рўзи баргардонидани китоб қайд карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ муҳлати истифодабарии китоб боз ба муддати 10 рўз зиёд карда  мешавад. Дар ҳолати гум шудани китоб хонанда бояд айнан чунин китоб ё ду китоби бадеӣ оварда ба китобхона супорад. 

Хидматрасонӣ
Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» муассисаи давлатии фарҳангӣ буда, хазинаи умумидавлатии нигоҳдории осори чопӣ ва сарчашмаҳои дигари иттилоотӣ барои бачагон ва наврасон, маркази коркард ва татбиқи усулу равишҳои нави хадамоти иттилоотӣ ва китобдорию библиографии бачагон ва наврасонро таъмин менамояд. Инчунин Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» маркази иттилоотӣ, методӣ, тадқиқотӣ барои китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ роҷеъ ба масоили созмондиҳии хадамоти иттилоотӣ, китобдорӣ-библиографӣ, муаммоҳои педагогӣ, психологӣ ва сотсиологии хониши бачагон ва наврасон.

Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ИНТЕРНЕТ ворид шуда, бо китобхонаҳо, васоити иттилоотии илмӣ-техникӣ, бойгониҳо ва дигар муассисоти ба ҳамин монанд ҳамкорӣ менамояд.

Истифодабарандагони асосии китобхона - шаҳрвандони то синни 17 сола, волидайни онҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба масоили омӯзишу тарғиби адабиёти бачагона ва хониши бачагон робитаи касбӣ доранд, мебошанд. Ҳуқуқи истифодабарандагонро оиди шинос шудан бо захираи китобхона, озодона дастрас намудани иттилоот таъмин менамояд. Маҳдудият оиди истифодаи захираи китобхона барои истифодабарандагони асосӣ танҳо дар мавридҳои пешбиникардаи Қонун ё бо мақсади таъмини ҳифзи нашрияҳои пурарзиш ҷой дошта метавонад.

Мақсадҳои Китобхона
Муҳайё сохтани шароит барои ҷалби бачагон ва наврасон ба хониш бо истифодаи сарчашмаҳои иттилоотӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва инкишофи эҳтиёҷотӣ маънавию иттилоотии бачагон, наврасон бо назардошти синну сол ва психологияи онҳо.
Қонеъ намудани талаботи иттилоотӣ ва умумифарҳангии насли наврас.
Ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ташкили истифодаи маҷмӯи нисбатан пурраи адабиёти бачагона ва манбаъҳои дигари иттилоотӣ барои бачагон ва наврасон.
Ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти Китобхона ва китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон, омӯзиши самарбахши васоити ахбори умум, технологияи компютерӣ дар фаъолияти донишандӯзии бачагон ва наврасон.

Фаъолияти методии Китобхона дар самтҳои зайл сурат мегирад:
Расонидани ёрии методию амалӣ ба тамоми китобхонаҳои бачагона, муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ ва истироҳгоҳҳои кӯдакону наврасон.

Таҳлили фаъолияти китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадами онҳо.
Бо назардошти талаботи ҷомеа муайяну мушаххас намудани мақому фаъолияти китобхонаҳои бачагона.
Омӯзиши таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои бачагонаи дигар кишварҳо ва ширкат варзидан дар конфронсу семинарҳои проблемавии онҳо.
Омодасозии тавсияҳои методӣ барои рушди кори китобхонаҳои бачагонаи ҷумҳурӣ.
Такмили тахассуси кормандони китобхонаҳои бачагонаю мактабӣ, тавассути созмондиҳии семинарҳои таълимӣ, конфронсҳои илмӣ-амалӣ.
Фаъолияти таҳририю нашриро ба роҳ мемонад.
Равобити баиналмилалиро бо муассисаву ташкилотҳои
хориҷӣ барқарор мекунад ва дар ҳаллу фасли масоили мубрами соҳа ва
тадбиқи таҷрибаи муфиди китобдорӣ ҳамкорӣ мекунад.

Боргирии Ариза

Мирсаид Миршакар

Мирсаид Миршакар 5-майи соли 1912 дар махаллаи Синдеви нохияи Шугнони ВМКБ чашм ба олами хасти кушодааст. Соли 1993 дар синни 81 солаги вафот кардааст.

Шарикони мо!

© 2012 Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумхуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  |  Ҳамаи ҳуқуқи муаллиф маҳфуз аст
    Phone: [+ 992 37] 227-47-26  |  E-mail: info@mypage.tj  |  -- Designed by: Dodikhudoev Parviz